АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳоро  баррасӣ намуданд.

Инчунин ба  табодули таҷриба дар самти рушди ҳукумати электронӣ, дастгирии стартапҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкории амалӣ ва нишон додани  ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок ибрози омодагӣ намуданд.

Дар анҷом зарурати идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими шарикӣ байни ду давлат дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таъкид гардид.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон