ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2026) дар мавзуи «Самтҳои стратегӣ барои рушди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли қонунгузорӣ» вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон — иштирокчиёни ҷаласаи парлумонии форуми мазкур баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам доир гардида, дар доираи он масъалаҳои ҳамкории судманд ва таҷрибаомузӣ дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён дар мавзуъҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти парлумонӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ суҳбат намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий