Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам доир гардида, дар доираи он масъалаҳои ҳамкории судманд ва таҷрибаомузӣ дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён дар мавзуъҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти парлумонӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ суҳбат намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон