Маркази зеҳни сунъӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) иброз намуданд, ки «пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар роҳи татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ ва ҳамқадам гардидани донишгоҳ бо равандҳои муосири илму техника мебошад. Инчунин марказ ба тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон фаъолияти марказ ба баланд бардоштани сатҳи таҳсил, рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои рақобатпазири соҳа ва татбиқи натиҷаҳои он дар соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Источник: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий