Дар мулоқот иброз гардид, ки таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.

Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи шаҳр изҳор доштанд.  Онро  қадами муҳим дар роҳи пешрафт ва ободонии шаҳр арзёбӣ намуданд.

Сармоягузорон пас аз вохӯрӣ бо имкониятҳои рушди шаҳр аз наздик шинос шуданд. Онҳо изҳор намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти фароғатӣ ва сайёҳии кӯли шаҳр, тасмим гирифтаанд,  ки  дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ лоиҳаи таъмиру барқарорсозии онро амалӣ намоянд.

Ин иқдом метавонад беҳсозии инфрасохтор, бунёди мавзеъҳои истироҳатӣ ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои сокинон ва меҳмонон бошад.

Инчунин ба ҷалби сайёҳон, рушди соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани мақоми  шаҳр ҳамчун як макони зебои сайёҳӣ мусоидат намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон