АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Саммити минтақавии экологӣ (RES-2026) дар шаҳри Остона баргузор гардида, дар он масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар доираи ваколатҳои ЮНЕП баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти махсуси қатъномаи қабулнамудаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар маҷмӯъ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ» (UNEP/EA.7/Res.10)-ро таъкид намуданд.

Ингер Андерсен омодагии худро барои ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин қатънома иброз дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар самтҳои муҳими экологӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон