- IV съезд стоматологов Таджикистана прошел 17 апреля 2026 года в Душанбе
- Организаторы: Ассоциация стоматологов Таджикистана и Минздрав Таджикистана
- Участвовали специалисты из России, Казахстана, Узбекистана, Кыргызстана, Беларуси и США
- Обсуждались доклады по профилактике, имплантации, ортогнатической хирургии и др.
- Съезд направлен на повышение квалификации и международное сотрудничество
Дар анҷуман мутахассисони пешбари соҳа аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзиданд.
Ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ роҳбарияти Ассотсиатсияи дандонпизишкони Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад карда, қайд намуд, ки дандонпизишкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими системаи тандурустӣ буда, дар он ба ташхис ва табобати беморони гирифтори бемориҳои дандон таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Дар кишвар мутахассисони баландихтисос кор мекунанд, ки усулҳои муосири ташхис ва табобатро бо истифода аз таҷҳизоти нави тиббӣ ба кор мебаранд. Дар натиҷа, дар солҳои охир сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ баланд шудааст.



Намояндагони Ассотсиатсия изҳор доштанд, ки анҷуман ҳамчун платформаи муҳими илмӣ-амалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баррасии дастовардҳои навтарин дар соҳаи дандонпизишкӣ хидмат мекунад. Алоҳида қайд карда шуд, ки иштироки олимони маъруф ва коршиносони сатҳи баланд аз кишварҳои гуногун аз афзоиши таваҷҷӯҳ ба рушди соҳа дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Иштирокчиёни анҷуман таъкид карданд, ки дандонпизишкӣ ҳамчун қисми муҳими тибби муосир бо суръати баланд рушд карда, ба шарофати ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин дастовардҳои илмӣ ба сатҳи нави сифатӣ мебарояд. Дар ин шароит, баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон ва васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ба ақидаи иштирокчиён, анҷуман платформае барои таҳияи пешниҳодҳои созанда, баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкорӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба рушди дандонпизишкӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсири мусбӣ расонанд.




Дар доираи анҷуман мутахассисон як қатор маърӯзаҳо оид ба масъалаҳои калидии соҳа пешниҳод карданд. Дар байни онҳо — пешгирии бемориҳои дандон дар давраи пеш аз таваллуд, ихтилоли нафаскашӣ дар кӯдакон, асосҳои анатомӣ ва клиникии имплантатсияи субпериосталӣ дар атрофияи шадиди раванди алвеоларӣ ва нуқсонҳои ҷоғ, сабабҳои муроҷиати беморон ба дандонпизишкон, татбиқи принсипҳои остеогенези дистраксионӣ дар ҷарроҳии ортогнатикӣ, ҳолати клиникии табобати бемор бо синдроми Горлин-Голтс бо истифода аз маҳлули тағйирёфтаи Карной, реабилитатсияи ортопедӣ пас аз ҷарроҳиҳои ҷоғ-рӯй, интихоби усулҳои бедардкунӣ ҳангоми табобати бемориҳои дандон, таҳлили муқоисавии табобати ортогнатикии беморони дорои деформатсияи ҷоғ, таҳияи консепсияҳои реабилитатсияи ортопедӣ ва дандонпизишкӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои пародонт дар беморони гирифтори табобати ортодонтӣ, равишҳои муосири табобат бо истифода аз имплантатсияи дандон, инчунин усулҳои реабилитатсияи кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодии лаб ва ком ва дигар масъалаҳои мубрам.
Запись Анҷумани байналмилалии дандонпизишкон мутахассисонро аз кишварҳои гуногун дар Душанбе ҷамъ овард впервые появилась Хабарҳои Тоҷикистон - Avesta.tj.
Манбаъ: avesta.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий