- Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода провел совещание в Хатлонской области 18 апреля 2026 года.
- Даны поручения по усилению борьбы с терроризмом, экстремизмом, незаконным оборотом наркотиков и профилактике преступности среди молодежи.
- Особое внимание уделено предупреждению преступности среди несовершеннолетних и молодежи, включая разъяснительную работу с родителями.
Ҷаласа 18 апрели соли 2026 бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва воҳидҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд.
Вазир ҷаласаро кушода, оид ба масъалаҳои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Вай таъкид намуд, ки дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва барои таъмини пурраи суботи сиёсӣ, мубориза бо падидаҳои ба манфиатҳои давлат ва миллат зараррасонро пурзӯр кардан лозим аст.




Дар ҷараёни ҷаласа Рамазон Раҳимзода инчунин як қатор супоришҳои иловагӣ дод, ки ба тақвияти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар ҷиноятҳо рабт доранд.
Диққати алоҳида ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дода шуд. Вазир зарурати андешидани чораҳои самаранок, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо иштироки волидон ва нозирони участкавиро қайд кард.
Вазири корҳои дохилӣ суханронии худро анҷом дода, кормандони милитсияро ба хидмати содиқона ба халқу давлат даъват намуд ва муҳимияти омодагии доимӣ барои ҳифзи дастовардҳои давраи истиқлолиятро таъкид кард.
Запись Рамазон Раҳимзода дар вилояти Хатлон тадбирҳои бехатарӣ ва пешгирии ҷинояткорӣро тақвият доданро супориш дод впервые появилась Хабари Тоҷикистон - Avesta.tj.
Манбаъ: avesta.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий