Тавре ба «Азия-Плюс» дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд, имсол маърака таҳти шиори: «Ваксинаҳо барои ҳар насл кор мекунанд!» мегузарад.

Ҳадафи асосии ташаббус — баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти ваксинатсия барои ҳифзи саломатӣ дар ҳама марҳилаҳои ҳаёт. Таъкид мешавад, ки иммунизатсия на танҳо барои кӯдакон, балки барои наврасон, калонсолон ва пиронсолон низ зарур аст.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки дар кишвар сатҳи баланди фарогирии эмгузаронии асосӣ — зиёда аз 90%, аз ҷумла ваксинаҳои зидди полиомиелит, сурхча, паротит, олмос ва ваксинаи пентавалентӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дастоварди муҳим ворид кардани ваксинаи зидди вируси папилломаи инсон (ВПИ) дар моҳи октябри соли 2025 ба Тақвими миллии иммунизатсия буд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 то 30 апрел дар Тоҷикистон барои духтарони 10-сола ваксинаи зидди вируси папилломаи инсон (ВПИ) гузаронида мешавад.

Дар доираи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар саросари кишвар чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани боварӣ ба ваксинатсия ва мубориза бо иттилооти нодуруст гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар поликлиникаҳо кабинетҳои иммунизатсия фаъолият мекунанд.

Дар Вазорати тандурустӣ падару модарон, омӯзгорон, кормандони тиб ва ташкилотҳои ҷамъиятиро даъват мекунанд, ки маъракаро дастгирӣ кунанд ва иттилооти боэътимод дар бораи манфиати ваксинаҳо паҳн кунанд.