- Иран согласился на второй тур переговоров с США, но дата не определена.
- Вице-президент США Джей Ди Вэн отправится в Исламабад для переговоров.
- Иран официально не подтвердил участие во втором туре.
- Иранское судно Touska было перехвачено американским эсминцем USS Spruance.
- Срок прекращения огня истекает 21 апреля 2025 года в 20:00 по восточному времени.
Дар ҳамин ҳол, Эрон то ҳол расман иштирокашро дар даври дуюми гуфтушунид тасдиқ накардааст. Тибқи иттилои манбаъҳои Axios, Кохи Сафед тамоми рӯзи 20 апрел мунтазири сигнал аз Теҳрон дар бораи фиристодани ҳайати гуфтушунид ба Исломобод буд.
«Ҳайати эронӣ мунтазири иҷозати раҳбари олӣ [Мӯҷтабои Хоменаӣ] буд. Тибқи гуфтаи манбаъ, ин иҷозат рӯзи душанбе [20 апрел] бегоҳ расид», — хабар медиҳад манбаи Axios.
Аммо тарафи эронӣ пештар барои даври нави гуфтушунид шарти қатъи муҳосираи амрикоии гулӯгоҳи Ҳурмузро гузошта буд.
Имконияти идомаи раванди гуфтушунид пас аз он ки 19 апрел киштии эронии «Туска» тавассути эсминеци амрикоии USS Spruance дар халиҷи Умон боздошт шуд, дар ҳоли шикаст қарор гирифт. Мақомоти Эрон ин ҳодисаро «амали роҳзанӣ» ва вайронкунии оташбас номида, ваъдаи чораҳои ҷавобӣ доданд.
Гуфтушунидкунандаи асосии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф президенти ИМА Доналд Трампро ба шиддат бахшидани фишор ба Теҳрон тавассути муҳосираи гулӯгоҳ ва вайронкунии реҷаи оташбас муттаҳам карда, гуфт, ки Эрон «дар зери таҳдид» гуфтушунид нахоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Трамп 7 апрел оташбаси дуҳафтаина бо Эронро эълон кард, аммо санаи дақиқи анҷоми онро муайян накард.
Манбаъ дар Покистон ба хабаргузории Reuters гуфт, ки муҳлати оташбас 21 апрел соати 20:00 ба вақти шарқӣ — нисфи шаб ба вақти Гринвич, ё соати 3:30 субҳи 22 апрел дар Эрон ба поён мерасад.
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий