- Таджикистан и Япония подписали протокол о реконструкции моста на 19-м км трассы Душанбе–Куляб–Хорог–Кульма.
- Проект финансируется JICA, начаты исследовательские работы.
- Этап проектирования планируется завершить за 6 месяцев.
- Сотрудничество Таджикистана и JICA в транспортной сфере длится с 1999 года.
- В 2021-2024 годах реализован проект по инвентаризации 1643 мостов.
Протоколи дахлдорро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва мушовири калони департаменти инфрасохтории JICA Фуҷино Томоюкӣ дар охири ҳафтаи гузашта имзо карданд.
Лоиҳа ба навсозии иншооти фарсуда ва коҳиши бандубасти нақлиёт дар яке аз қитъаҳои пурборди шоҳроҳ равона шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, корҳои тадқиқотӣ оғоз шудаанд — мутахассисон маълумотро дар бораи ҳолати пул ва инфрасохтори атроф ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунанд.
Марҳилаи лоиҳакашӣ дар муддати шаш моҳ ба итмом расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар бахши нақлиёт аз соли 1999 фаъолона рушд мекунад.
Яке аз аввалин лоиҳаҳои муштарак лоиҳаи «Баланд бардоштани самаранокии идоракунии пулҳо» буд, ки татбиқи он соли 2021 оғоз ва соли 2024 ба анҷом расид.
13 сентябри соли 2024 дар Душанбе семинари хотимавӣ оид ба ин лоиҳа баргузор шуд. Коршиносони JICA натиҷаҳои кор, аз ҷумла гузаронидани бомуваффақияти инвентаризатсияи муҳандисӣ-техникӣ ва тафтиши 1643 пул дар Тоҷикистонро пешниҳод карданд.
То имрӯз дар доираи кӯмакҳои грантӣ ва техникӣ як қатор лоиҳаҳои калон ва хурд амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, тармими роҳҳои автомобилгарди «Дустӣ – Панҷи Поён» (марҳилаҳои 1 ва 2), «Бохтар – Дустӣ», сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин қитъаи роҳи «Қизилқалъа – Бохтар» дар шоҳроҳи «Душанбе – Бохтар».
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий