Тибқи иттилои РИИД пойтахт, дар кӯчаи Соҳилӣ як сокини ҷавони шаҳр аз пул ба дарёи Душанбинка партофт. Шоҳиди ин ҳодиса хонандаи синфи 11-уми мактаби №40 ноҳияи Фирдавсӣ Раҳматулло Мардиқтоев буд, ки паси духтар ба об ҷаҳида, тавонист ӯро аз об берун кашад.

Захмӣ ба беморхонаи «Истиқлол» расонида шуд. Дар айни замон вай таҳти назорати духтурон қарор дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот мегузаронанд. Тибқи маълумоти аввалия, сабаби ҳодиса ихтилофи оилавӣ буд.

Милитсияи пойтахт ба Раҳматулло Мардиқтоев барои масъулияти шаҳрвандӣ ва наҷоти ҳаёти духтар изҳори сипос кард. Ӯ бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз карда мешавад, дар мақомот қайд карданд.