Ба иттилои полис, боздошт 17 апрел дар хонаи иҷоравии ноҳияи Ломидонги шаҳри Марави (вилояти Ланао-дел-Сур) дар доираи иҷрои фармони Бюрои муҳоҷират алайҳи «шаҳрвандони хориҷии номатлуб» сурат гирифт.

«Ин амалиёт садоқати устувори моро ба ҳифзи амнияти миллӣ нишон медиҳад, то шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави кишвари мо қарор доранд, қонунҳои моро риоя кунанд ва ба амнияти ҷамъиятӣ ҳеҷ таҳдиде наоваранд. Мо намегузорем, ки кишвари мо ҳамчун паноҳгоҳ барои онҳое, ки ниятҳои бад доранд, истифода шавад», — гуфт сардори Полисс миллии Филиппин, генерал-майор Хосе Меленсио К. Нартатес-младший.

Вай қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои амниятӣ бояд дар «ҳамкории зич барои муқобила бо таҳдидҳои тағйирёбанда ва пешгирии фаъолияти экстремистӣ пеш аз он ки ба эскалатсия табдил ёбад, боқӣ монанд».

Дар айни замон шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик зери назорати Бюрои муҳоҷират қарор доранд. Ин ниҳод ҳуҷҷатҳо ва вазъи ҳуқуқии онҳоро тафтиш мекунад. Мақомот инчунин «оқибатҳои эҳтимолии амниятӣ, ки бо ҳузури онҳо дар кишвар алоқаманданд»-ро арзёбӣ мекунанд.

Дар бораи он ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба чӣ гуна айбдоршавӣ дучор шудаанд, хабар дода намешавад.

Назари худи шаҳрвандони тоҷик дар бораи боздошти онҳо дастрас нест.