Биёед бубинем, ки манзараи шаҳр чӣ гуна тағйир ёфт ва хотираи таърихии шаҳр чӣ гум кард.

Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ ҳамасола 18 апрел дар ҷаҳон таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1983 аз ҷониби Ассамблеяи Шӯрои байналмилалии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои диққатбахш, ки дар назди ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангии ҷаҳонӣ муқаррар шудааст.

Ёдгориҳои таърихӣ инъикоси давраҳои гуногун, анъана ва урфу одатҳои халқҳои ҷаҳон мебошанд, хотираи рӯйдодҳои муҳими гузаштаро нигоҳ медоранд ва ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосирро ташаккул медиҳанд.

Шаҳрҳо ва ёдгориҳо – ин оинаи мардумест, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд. Давраҳо, сохтмони сиёсӣ, услубҳои меъморӣ иваз мешаванд, мардум мераванд ва навон меоянд. Баъзе шаҳрҳо байни навсозӣ ва нигоҳдории ёдгориҳо ва биноҳои таърихӣ созиш меёбанд.

Аммо ба таври дигар низ мешавад — тағйироти нави таърихӣ аз шоҳасарҳои пешин танҳо аксҳои сиёҳу сафед боқӣ мегузоранд.