Ӯ аслан аз Шаҳринав аст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) гирифта, сипас аспирантураро хатм кардааст. Имрӯз ӯ на танҳо агенти муваффақи фурӯш, балки шавҳар ва падари чаҳор писарбача низ мебошад.

Эълонро аз радио шунид

«Дар аввали соли 2006 ман аз кор дар Русия баргаштам ва ҷустуҷӯи кор мекардам. Ёд дорам, ки рӯзе бо таксӣ мерафтам — он вақт дар маҳалли “Бозори Сабз” зуд-зуд мебудам — ва аз радио эълон дар бораи қабули агентони реклама шунидам. Ҳама эълонҳоро он вақт апаи Нилуфар мехонд. Ман ин садоро то ҳол ёд дорам.

Ман ҳатто рақамро ёд кардам — 2 230 107. Заддам, маро ба мусоҳиба даъват карданд. Онро Татяна Чен гузаронд. Баъд аз он тақрибан ду ҳафта омӯзиш шуд», — нақл мекунад Шералӣ Қаландаров.

Ӯ то соли 2011 ҳамчун агенти реклама кор кард, сипас ӯро мудири шӯъбаи фурӯш таъин карданд. 

«Дар ин нақш ман солҳои зиёд кор кардам. Дар моҳи марти соли 2024 ба кори дигар рафтам. Устоди ман Татяна Чен буд — ӯ ба ман бисёр чизҳоро омӯхт, ки барои ин аз ӯ хеле миннатдорам», — ба ёд меорад Шералӣ.

Шералӣ Қаландаров бо ҳамкорони собиқ

Имрӯз ӯ дигар дар “Осиё-Плюс” кор намекунад, вале тамосҳо ва робитаҳоро то ҳол нигоҳ медорад, ҳамкоронро дар офис дидан мекунад, ҳамчунон шодобу умедвор ва хандонрӯй. Ва, чунон ки дар гурӯҳи расонаии мо мегӯянд, “осиёгиҳои собиқ” вуҷуд надоранд.

«Аввал туро меомӯзанд, баъд — ту дигаронро меомӯзонӣ»

Дар тӯли солҳои тӯлонии кор дар “Осиё-Плюс” акаи Шералӣ на танҳо муштариёни зиёд овард, барои аксияҳо ва чорабиниҳои мо шарикон пайдо кард, балки худ низ ҷои худро ёфт.

«Барои ман “осиёгӣ” будан — ин касбӣ будан, кори худро дӯст доштан, ба он сӯхтан ва барои натиҷа ғамхорӣ кардан аст. Ин масъулият аст — барои ширкат, барои даста, барои кори умумӣ.

Хотираҳо ва эҳсосоти равшан дар ин муддат хеле зиёд буданд. Фурӯшҳои аввал, муомилоти калони аввал, давраҳои душвор, ки ҷамъ шуда, ба пеш рафтан лозим буд. Аммо бештар кори дастаҷамъона ба ёд мемонад, вақте ҳама якҷоя ба натиҷа мерасанд», — нақл мекунад Шералӣ Қаландаров.

Шералӣ бо дастаи радиои Осиё+

Дар “Осиё-Плюс” ҳамеша гардиш буд: туро меомӯзанд — баъд ту дигаронро меомӯзонӣ, қайд мекунад ӯ.

Инро ҳамкорони ӯ низ қайд мекунанд, ки барои бисёре аз онҳо ӯ на танҳо мудири расмӣ, балки устод шуд. Фаҳмида, ором, ҳамдард, босабр, одаме, ки омода аст на танҳо дар корҳои корӣ кӯмак кунад, балки “зарба”-ро ба худ гирад — тавре ки тақрибан ҳар як кормандаш, ки дар зери роҳбарии ӯ кор кардааст, ӯро тавсиф мекунад.

«Ҳамчун роҳбар, акаи Шералӣ масъулияти баланд, ростқавлӣ ва касбият нишон дод. Ғайр аз ин, ӯ одами дили калон ва дӯсти ҳақиқӣ аст, ки ӯро на танҳо роҳбари қавӣ, балки эҳтиромшаванда месозад», — мегӯяд менеҷери фурӯш Дилноза Истамова, ки солҳои тӯлонӣ дар шӯъба бо ӯ паҳлӯ ба паҳлӯ кор кардааст.

Шералӣ Қаландаровро на танҳо тобеъони бевоситаи ӯ, балки дигар “осиёгиҳо” низ ба ёд оварданд.

«Акаи Шералӣ ҳамчун одами мусбат, умедвор ба ёд монд, ӯ ҳамеша чунин буд ва боқӣ мемонад. Ҳамеша метавонист бо шӯхиҳои худ вазъиятро сабук кунад ё ҳатто мушкилоти ҷиддиро ҳал кунад. 

Ин одами асабҳои устувор, дар айни замон дар муошират сабук аст. Ҳеҷ гоҳ аз даста дур намешуд, ҳама гуна идеяҳои гузаронидани вақти ғайрикорӣ бо ӯ, сафарҳои муштарак, нишастҳоро дастгирӣ мекард», — нақл мекунад радиобаранда Лола Абдуназарова.

Дастаи Осиё+

«Мехоҳам аз касоне, ки дар паҳлӯ буданд ва ба роҳи ман таъсир расонданд, ташаккур кунам: Татяна Чен, Екатерина Аракелова, марҳум Вадим Южанин, Акаи Ҷафар, Парвона Аҳрорӣ, Насим Шоймуродов, Акаи Амон, Шараф, Манижа Аҳмедова, Юнусхон, апаи Мавлюда, апаи Малика, Зебо Тоҷибоева, Фарход Холматов, Искандар Мирзоғаниев, Ҷамол Нуриддинов, Акбар, Дилноза, Бону, Умеда, Бахтиёр  ва бисёри дигар. Ва, албатта, Умед Мансурович.

Ташаккур ба шумо барои ҳама!

Ба дастаи “Осиё-Плюс” рушди минбаъда ва муваффақиятҳо таманно дорам. Сатҳи №1-ро нигоҳ доред! Санъати аввал будан — ин “Осиё-Плюс” аст», — хулоса мекунад Шералӣ.

Ҳама аксҳо аз бойгонии Шералӣ Қаландаров