Унсури асосии Душанбе дар рушди он меъмории он мебошад, ки мақоми шаҳри пойтахтро таъкид мекунад ва яке аз инъикоси асосии тағйироти давлат ва ҷомеа дар маҷмӯъ мебошад. Ҳамаи ин тағйирот дар биноҳои сохташуда, ҳайкалҳо ва ёдгориҳои гузашта ва ҳозира инъикос меёфтанд…

Соли 1930 дар ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки муассисаи лоиҳакашӣ барои тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳракҳои корӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои навсохтмонҳои панҷсолаҳои аввал таъсис дода шавад. Ва ҳамон вақт бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон (23 октябри соли 1930) идораи ҷумҳуриявии лоиҳакашии «Тоҷикдавлатлоиҳа» ташкил карда шуд.  

Тақрибан пас аз се моҳ, 21 январи соли 1931, тавре ки рӯзномаҳои пойтахтии он замон шаҳодат медиҳанд, ИҶЛ «Тоҷикдавлатлоиҳа» ба кор шурӯъ кард.

Душанбе  бо суръати воқеан афсонавӣ тез рушд мекард ва инкишоф меёфт. Чунон ки бисёриҳо, ҳатто мутахассисон наметавонистанд фавран миқёси корҳои сохтмониро фаро гиранд, воқеияти нақшаҳои пешбинишударо дарк кунанд. Ҳамин тавр, иштирокчии экспедитсияи Тоҷикистону Помир, асосгузори минералогияи амалӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС Николай  Федоровский дар ибтидои солҳои 30-ум дар бораи Душанбе навишта буд:

«Шаҳрро баъзе меъморони – хаёлафармоён тарҳрезӣ мекунанд. Хонаҳо дар масофаи бузург аз якдигар сохта шудаанд. Дар тӯли бисёр километрҳо кӯчаҳои холӣ, ҳанӯз сохта нашуда тӯл мекашанд. Шаҳр, эҳтимолан, ҳамчун пойтахти ояндаи тамоми Осиё тарҳрезӣ мешавад».

Бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ ва баъд — дастгоҳи президент.

Ва ин ақидаи Александр Ферсман, геохимик, академик ва ноиби президенти АИ ИҶШС, ки дар Тоҷикистон дар ҳайати экспедитсияи Тоҷикистону Помир кор кардааст:

«Сталинободи нав, шаҳре, ки дар ҷои деҳаи Дюшамбе сохта мешавад, ҳоло худ шаҳри намуди навро бо тарҳрезии хеле хуб андешидашуда ифода мекунад. Дар солҳои охир ман як қатор навсохтмонҳоро дидам – дар Урал, Сибир, Қутб ва минтақаҳои марказии Иттиҳод. Аммо дар ҳеҷ ҷо ман он қадар равшан фикри муайянеро, ки дар сохтмони шаҳри нав гузошта шудааст ва бо назардошти шароити иқлимӣ – зиёдатии офтоб ва чанг, бо назардошти ҳамаи хусусиятҳои манфӣ ва мусбии иқлими ҷанубӣ пайваста амалӣ карда мешавад, ҳис накардам».

Аз фарҳанги қадим то рамзи истиқлол

Ҳамон вақт ба Душанбе  барои кор дар ИДЛ «Тоҷикдавлатлоиҳа» меъморони хатмкардаи институтҳои меъморӣ-сохтмонии Ленинград, Москва меоянд. Дар байни онҳо меъморони дар мероси меъмории  Душанбе  аломати равшан гузошта: С. Л. Анисимов,  Д. И. Билибин, К. Терлетский  ва дигарон. 

Коҳи Ваҳдат. Акси asia+

Онҳо тавонистанд, дар асоси қабати қадимии фарҳангӣ асосҳои анъанавиро нигоҳ дошта, тағйир диҳанд, онҳоро ба шароити замони нав мутобиқ созанд, тавассути омезиши мероси таърихии урбанистикаи асрҳои миёна дар якҷоягӣ бо беҳтарин намунаҳои аврупоии меъмории классикии асрҳои 19-20 ва модерни муосир.

Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ (ҳоло — Палатаи Ҳисоб). Акси asia+

Муроҷиат ба решаҳои таърихии миллӣ дар бисёр биноҳои дар Душанбе сохташудаи солҳои 30-50 равшан ба назар мерасид. 

Ин бинои КМ ҲК Тоҷикистон, китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, бинои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, чойхонаи «Роҳат», бинои осорхонаи давлатии кишваршиносии ба номи Беҳзод ва дигар иншоот мебошанд. 

Дар баробари ин, таърихи меъмории шаҳри давраи шӯравӣ намунаҳои софи аврупоиро низ дар бар мегирад, ки дар симои Душанбе чизеи бегона ба назар намерасанд. Инҳо: меҳмонхонаи «Вахш» (вайрон карда шуд), биноҳои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи педагогӣ, Академияи илмҳо, Филармония (телевизиони «Сафина»), Хонаи маорифи сиёсӣ (Коҳи Ваҳдат) ва бисёр биноҳои дигари шаҳрӣ мебошанд. 

Қасри Миллат. Акси asia+

Имрӯз биноҳои муосири Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Парлумони ҷумҳурӣ, Вазорати алоқа, Қасри «Коҳи Наврӯз», меҳмонхонаи «Ҳайят» эҳсоси нишонаҳои муосир будани шаҳри ба оянда нигаронидашударо ба вуҷуд меоранд ва аз муроҷиат ба таҷрибаи меъмории ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд. 

Парлумони Тоҷикистон. Акси Шӯҳрат Саъдиев

Падидаи комилан нав ансамбли меъморӣ-бадеӣ дар майдони асосии Истиқлоли пойтахти Тоҷикистон — маҷмааи меъмории «Истиқлол» гардид, ки рамзи озодӣ ва истиқлоли ҷумҳурӣ буда, таърихи чандинасраи мардуми тоҷикро таҷассум мекунад ва гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвари моро мепайвандад.

Маҷмааи «Истиқлол». Акси Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ