Дар посух ба савол дар бораи қатъи ғанисозии уран, Трамп ду маротиба инро тасдиқ карда, илова намуд, ки дар чунин рушди ҳодисаҳо чизе тааҷҷубовар намебинад.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА нияти баргардонидани дороиҳои яхкардашударо ба Теҳрон надорад. Қаблан агентии Axios хабар дода буд, ки Вашингтон ба ивази урани ғанишуда тақрибан 20 миллиард доллари воситаҳои эронӣ бозкушоӣ карданро пешниҳод кардааст, менависад Медуза.

Трамп инчунин қайд кард, ки созишнома дар бораи қатъи амалиётҳои ҷангӣ тақрибан омода аст ва муҳокимаи танзими дарозмуддат метавонад аллакай 18–19 апрел баргузор шавад.

Ҳамзамон, тавре хабар медиҳад Reuters, як мансабдори баландпояи эронӣ дар бораи ихтилофоти ҷиддии боқимонда байни тарафҳо изҳор дошт.

Вай қайд кард, ки «дар бораи ҷузъиёти масъалаҳои ҳастаӣ созиш ба даст наомадааст» ва барои бартараф кардани ихтилофот гузаронидани гуфтушунидҳои ҷиддӣ лозим аст.

Манбаи агентии илова кард, ки Теҳрон дар рӯзҳои наздик бастани созишномаи пешакӣ бо ИМА ва дароз кардани реҷаи оташбасро дар назар дорад, то муҳокимаи бекор кардани таҳримҳо ва ҷуброни зарари расонидашуда аз ҷангро идома диҳад. Дар иваз, Эрон омода аст кафолатҳои сулҳомези барномаи ҳастаии худро таъмин кунад.

Вай таъкид кард, ки тафсирҳои дигари рафти гуфтушунидҳо таҳрифи вазъият мебошанд.

17 апрел Эрон инчунин муваққатан муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро, ки қисми зиёди интиқоли ҷаҳонии нафт аз он мегузарад, бардошт. Ин пас оташбаси байни Исроил ва гурӯҳи либнонии Ҳизбуллоҳ рух дод.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Эрон қайд карданд, ки гулӯгоҳ дар давраи оташбас кушода боқӣ мемонад, аммо кори минбаъдаи он аз риояи шартҳои созишнома аз ҷониби ИМА вобаста хоҳад буд.