Ларзишҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳсос шуданд.

Дар Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маркази ларзишҳо дар қаламрави Афғонистон — тақрибан 269 км ҷанубу шарқи Душанбе ва 268 км аз ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буд.

Қувваи ларзишҳо дар марказ 5 баллро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон шиддатнокии ларзиш чунин эҳсос шуд:

— дар Душанбе — 2–3 балл;

— дар ноҳияи Тоҷикобод — 2 балл.

Дар Хадамоти геофизикӣ ҳамчунин илова карданд, ки каме дертар, соати 8:16 ба вақти Душанбе, дар ҷумҳурӣ зилзилаи такрорӣ рух дод, ки маркази он боз дар қаламрави Афғонистон — 264 км ҷанубу шарқи Душанбе ҷойгир буд. Қувваи ларзишҳо дар марказ 4 баллро ташкил дод. Дар Душанбе ларзишҳои 2 балл, дар ВМКБ — 2–3 балл эҳсос шуд.

Тибқи маълумоти КҲМ Тоҷикистон, қурбониён ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.