- Фарзона Эмомали, дочь президента Таджикистана, стала кандидатом медицинских наук.
- Защитила диссертацию на тему медицинских и социальных услуг для детей и подростков.
- Работает начальником Управления реформ, первичной медико-санитарной помощи и международных связей Минздрава Таджикистана.
- Окончила с отличием Таджикский государственный медицинский университет и Академию государственного управления.
- Опубликовала 15 научных статей, 9 из которых по теме диссертации.
Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, рисолаи Фарзона, ки таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Зоир Набиев иҷро шудааст, ба масъалаҳои беҳбуди ёрии аввалияи тиббӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасонии интегратсияшудаи тиббӣ ва иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон дар марказҳои тиббии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар кори илмӣ қайд шудааст, ки саломатии кӯдакон аз омилҳои зиёде, аз қабили вазъи иҷтимоии оила, сатҳи маълумоти волидон ва дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ вобаста аст. Ин ҷанбаҳо ба рушди шахсияти кӯдак таъсир мерасонанд ва таҳияи моделҳои самараноки кӯмак аҳамияти бузург дорад.
Фаъолияти тадқиқотии Фарзона дар 15 мақолаи илмӣ инъикос ёфтааст, ки 9-тои онҳо бевосита ба мавзӯи рисолаи ӯ алоқаманданд, дар Вазорати тандурустӣ таъкид карданд.
Фарзона Эмомалӣ, духтари хурдии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 4 июли соли 1998 дар Душанбе таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба филиали Литсейи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе дохил шуда, онро соли 2014 бо дипломи аъло хатм кардааст.
Дар ҳамон сол ба факултети табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2020 низ бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2022 ординатураи клиникиро аз рӯи ихтисоси «педиатрия» ба итмом расонида, соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «идоракунии давлатӣ» бо дипломи аъло хатм кардааст.
Аз соли 2021 Фарзона Эмомалӣ дар дастгоҳи Вазорати тандурустӣ кор мекунад. Моҳи августи соли 2025 вай ба вазифаи сардори Раёсати ислоҳот, ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорат таъин шуд.
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий