Ба ин муносибат 18 апрел соати 9:00 дар Душанбе ниммарафони анъанавии байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат мекунанд. Давидан ба масофаи 21 км 97,5 м аз шоҳроҳи назди «Наврӯзгоҳ» оғоз ёфта, дар ҳамон ҷо ба анҷом мерасад.

Консерт ва барномаи фарҳангӣ

Консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ, ки ба ин рӯз бахшида шудааст, соати 14:00 дар толори фарҳангии Мактаби санъати бачагона ба номи Одина Ҳошим баргузор мегардад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Пеш аз оғози консерт дар ҳамон ҷо мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мешавад. Тавре дар мақомот зикр карданд, дар фазои тантанавӣ натиҷаҳои озмунҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе, аз қабили «Беморхонаи сол», «Муассисаи ибтидоии тиббию санитарии сол», «Духтури сол», «Духтури оилавии сол», «Корманди миёнаи тиббии сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Стипендияи раиси шаҳри Душанбе» ва дигарҳо ҷамъбаст карда мешаванд.

Ғолибон бо мукофотҳои раёсати шаҳри Душанбе сарфароз карда мешаванд.

Пас аз маросими мукофотонидан барномаи фарҳангӣ ва баромади гурӯҳҳои маъруфи мусиқӣ ва рақсӣ, инчунин ҳунармандони маъруфи эстрада баргузор мегардад.

Ҷашни Рӯзи пойтахт дар соли 2021. Акси бойгонӣ: asia+

Чорабиниҳои варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои идона

Айни замон дар Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳо оид ба мини-футбол байни наврасон, инчунин озмунҳо байни мактабҳои мусиқии шаҳр, ки ба Рӯзи пойтахт бахшида шудаанд, баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, чорабиниҳо таҳти унвони «Саҳми ман ба шаҳри ман» ташкил карда шудаанд ва дар кӯчаҳо ва майдонҳои шаҳр шиорҳо ва баннерҳое, ки пойтахтро ситоиш мекунанд, овехта шудаанд.

Дар чор ноҳияи шаҳр, махсусан дар боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, ба ифтихори Рӯзи пойтахт шабнишиниҳои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ баргузор карда мешаванд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои ташкили мусобиқаҳо зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ аз маблағи Фонди рушди пойтахт ҷудо кардааст.

p>Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи идҳо», аз 1 марти соли 2005 дар кишвар ҳар сол дар шанбеи сеюми апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад.